Қонуни масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд сар аз имрӯз дар Тоҷикистон ба ҳукми иҷро даромад. Чаҳор рӯз пеш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, зери ин қонуни пурсару садо ва ҷанҷолбарангез имзо гузошта буд.
Баъди ба ҳукми иҷро даромадани қонунва бар пояи яке аз бандҳои он, дигар ҷавонони то синни 18 сола ҳаққи ба масоҷид рафтанро надоранд. Ин банди қонун боиси эътирози рӯҳониёни саршинос ва вокуниши манфии созмонҳои байнулмилалӣ шуда буд.
Тарҳи "Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ба ибтикори Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми декабри соли гузашта ба муҳокимаи умумимардумӣ гузошта шуда буд. Ин тарҳ моҳи гузашта аз сӯи ҳарду палатаи парлумон тасвиб шуд.