Дар эътирозҳои Сурия 10 нафар ҷон бохтаанд

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи ҷумъа дар ҳошияи Димишқ, пойтахти Сурия дастикам 8 нафар ва ду эътирозгари дигар дар Ҳумс кушта шуданд. Рӯзи 5 август баъди адои намози ҷумъа дар Сурия даҳҳо ҳазор нафар бо талаби истеъфои режими Башшор Асад ба кӯчаҳо рехтанд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон режими Асадро масъули қатли беш аз 2000 нафар номид ва кишварҳои Аврупову Арабро ба эъмоли фишори бештар алайҳи Сурия даъват кард. Эътирозҳо алайҳи режими Асад аз моҳи март идома дорад.