Се сол пас аз ҷанги Русия дар Гурҷистон

Бо гузашти 3 сол аз ҷанги кӯтаҳи Русия бо Гурҷистон дар августи 2008, то ҳол равобити ҳар ду кишвар сард мебошад.
Русия дар ин муддат бо Гурҷистон раводид ё визо низ ҷорӣ кард. Шояд бинандагони шабакаҳои телевизионии Русия то ҳол фаромӯш накардаанд, ки чӣ тавр дар Русия даҳҳо тонна шароб ё виноҳои гурҷиро ба замин мерехтанд ва мегуфтанд, ки ин шаробҳо бо меъёрҳои байналмиллалӣ мутобиқат намекунад. Ин саҳнаҳо дар саросари ҷаҳон аз як телевизион ба телевизиони дигар мерафт ва маҳофили байналмиллалӣ хуб дарк карданд, ин ҷо шароб ба истилоҳ гуноҳе надорад, балки масъала чизи дигар дигар аст.

Ин танҳо намунае аз муносибот ё ҳамкориҳои Русия бо Гурҷистон аст. Дар як мусоҳиба бо Роберт Коалсон-коршиноси умури минтақа аз вай пурсидам дар ин се соле, ки аз ҷанги мухтасари миёни Русияву Гурҷистон мегузарад, дар муносиботи ин ду кишвар чӣ тағирот пеш омадааст?

Роберт Коалсон: Ягон тағйирот пеш наомадааст. Масъала ин аст, ки Русия ҳамчунон Саакашвилиро эътироф намекунад ва намехоҳад бо ҳукумати кунунии Гурҷистон ба музокира биншинад. Русия интизор аст, ки дар Гурҷистон ҳукумати нав сари кор ояд. Ба ҳамин сабаб дар муносиботи онҳо пешрафте нест.

Суол: Шумо фикр намекунед, ки муносиботи бади Русияву Гурҷистон ба ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ дар Гурҷистон ва соири кишварҳои минтақа таъсир хоҳад дошт?

Роберт Коалсон: Бо таҳлилгароне, ки ман сӯҳбат кардам, онҳо мегӯянд, ки қатъи муносибот бо Русия он гуна, ки интизор мерафт асароти зиёди манфӣ надоштааст. Дар ин миён бӯҳрони молии ҷаҳонӣ низ буд, ки аз он Гурҷистон зарар дидааст. Вале бо Русия на ба он андозае, ки интизор мерафт.

Суол: Баъд аз поёни раёсати Ҷорҷ Буш вақте, ки Барак Обама ба раёсати ҷумҳурии Амрико расид, баъзе таҳлилгарон ин гуна низ изҳори ақида мекарданд, ки Михаил Саакашвилӣ то андозае аз Ғарб дур шудааст. То чӣ андоза ин ақидаҳо ба воқеият дуруст меояд?

Роберт Коалсон: Албатта ҳимояти Амрико аз Саакашвилӣ ба он андозае, ки вай дар давраи раёсати Ҷорҷ Буш қабл аз ҷанг қаввӣ буд, мушоҳида намешуд, вале ман бо таҳлилгарон сӯҳбат кардам. Баъзеи онҳо мегӯянд, ки Гурҷистон дар инзиво қарор дошт. Ба гуфтаи онҳо, Гурҷистон қабл аз ин ҷанг умед дошт, ки ба узвияти паймони НАТО медарояд. Онҳо хеле умедвор ва мутмаин буданд. Вале ҳоло Гурҷистон худашро дар вазъе дарёфт, ки дар бисёр арсаҳо, аз ҷумла дар бахшҳои сисёсиву иқтисодӣ, қонунгузорӣ ва демократия ислоҳот анҷом додааст. Ҳоло онҳо умедворанд, ки на танҳо ба узвияти НАТО медароянд, балки ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо низ пазируфта мешаванд.

Суол: Русия кишварест, ки бо сарфи назар аз хостҳои ҷомеаи байналмиллалӣ Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва соири кишварҳои мӯътабари ҷаҳон Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ба унвони кишвари мустақил ба расмият шинохтааст. Ба назари шумо чунин рафтори Русия ин кишварро дар ин замина дар арсаи байналмиллалӣ таку танҳо қарор намедиҳад, агар ду-се кишварро дар Амрикои Лотин сарфи назар кунем?

Роберт Коалсон: Ба расмият шинохтани ин ду ҷумҳурӣ ба унвони кишвари мустақил барои Маскав дар арсаи байналмиллалӣ мушкилиҳои зиёд пеш овард. Ба назари ман, Маскав умедвор буд, ки кишварҳои зиёде ба он пайравӣ мекунанд ва истиқлоли ин ду кишварро мешиносанд. Вале чунин нашуд. Субҳи имрӯз дар як мусоҳибаи телевизионӣ президент Дмитрий Медведев ба истилоҳ “аломат” дод, ки агар Осетияи Ҷанубӣ хоҳад метавонад ба Русия бипайвандад. Ҳафтаи гузашта ҳам ин нуктаро ёдоварӣ карда буд. Вай бо чунин кор мехоҳад мушкили истиқлоли Осетияи Ҷанубиро ҳал кунад. Вале Абхозистон намехоҳад ба бахше аз Русия табдил шавад.

Суол: Оё дар мавриди хуруҷи нирӯҳои Русия аз Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон дурнамое вуҷуд дорад?

Роберт Коалсон: Ин ду ҷумҳурӣ мехоҳанд нирӯҳои Русия дар қаламравашон мустақар бошанд. Русия ҳам шумораи нирӯҳои худро дар он ҷо нисбат ба давраи пеш аз ҷанг афзоиш медиҳад ва ман дар ин маврид ҳеҷ нишонае аз хуруҷи нирӯҳоро намебинам. Русия мехоҳад, ки нирӯҳояш дар он ҷо бошанд, барои он, ки мехоҳад дар робита бо бозиҳои олимпии соли 2014 дар Сочӣ амнияти минтақаро таъмин кунад. Пеш аз он, дақиқ аст, ки нирӯҳои низомӣ дар он ҷо коҳиш нахоҳанд ёфт.