Додситонии Бадахшон мегӯяд, талоши онҳо барои лағви дахлнопазирии вакилони муттаҳам ба ҷиноят ба мухолифати шадиди маҷлисҳои маҳаллӣ рӯ ба рӯ мегардад.
Ба гуфтаи муовини аввали додситони Бадахшон Носир Нафасбеков, ҳадди ақал дар аъмоли 5 вакили маҷлиси маҳаллӣ қонуншиканӣ ошкор шуда, тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад, аммо то ба ҳол фақат нисбати 2 нафарашон парвандаи ҷиноӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Муовини аввали додситон афзуд, ки вакилони маҷлиси маҳаллии ноҳияи Рӯшон ба талаби додситонӣ дар мавриди лағви дахлнопазири ҳамтояшон, ки ба фиреби истеъмолкунандагони барқ муттаҳам гардид, ҷавоби рад доданд ва додситони маҷбур шуд, ба маҷлиси сатҳи болотар муроҷиат кунад. Вай гуфт: «Парванда аз ҳама ҷиҳат асоснок буд, вале шояд ҳисси хешутаборӣ ва маҳалгароӣ боло гирифт, ки вакилон ба ҷойи манфиати мардум, манфиати вакилро ҳимоя карданд.»
Аммо вакили маҷлиси вилоятӣ Ҳоҷифайз Мамадризоев мегӯяд, ки истифода бурдани вакилон аз ҳуқуқҳояшон дар мавриди дифоъ аз ҳамтоёнашон, набояд чун аломати мухолифати байни додситонӣ ва вакилон талаққӣ шавад. Вай гуфт: «Агар вакил гунаҳкор бошад, ҳамтоёнаш наметавонанд вайро ҳимоя кунанд, вакилон онҳоеро ҳимоя мекунанд, ки ба гунаҳкор набудани онҳо бовар доранд.»
ВАКИЛОН БЕКОРОНРО ҲАМ ФИРЕБ МЕДИҲАНД
Аммо оё вакилони мардумӣ ба кадом ҷурме даст мезананд? Вакили маҷлиси ноҳиявӣ ва сардори шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Мурғоб Алайчӣ Орозбаев ба қаллоби муттаҳам шудааст. Ба гуфтаи сардори шӯъбаи тафтишоти раёсати оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Азамат Наврӯзқулов, ҳадди ақал се мавриди фиреби ашхоси бекор аз ҷониби ин вакил ва шахси мансабдор ошкор шуданд. Алайчӣ Орозбаев қарзи бефоизи дарозмуддати барои ашхоси бекор муқарраршудаи шӯъбаи ҳифзи иҷтимоиро ба бекорон дода, аммо аз онҳо ба фоидаи кисаи худ фоизи набудаи қарзро ситондааст. Ба гуфтаи сардори шӯъбаи тафтишот, ин вакил ва шахси мансабдор дар як маврид ба шахси бекор 5 ҳазор сомонӣ қарз дода як ҳазори онро ҳамчун фоизи қарз гирифтааст.
Вакили маҷлиси маҳаллӣ ва корманди мақомот дар ноҳияи Ванҷ ба исрофкории маблағи буҷа дар ҳаҷми калон муттаҳам гардидааст.
Дар Хоруғ нисбати вакил ва шахси мансабдор барои амалкарди хилофи низомномаи хусусигардонии амвол, аз рӯи моддаи сӯистифода аз ваколати хидматӣ парванда боз шудааст.
Вале дар мавриди вакили маҷлиси вилоятӣ, ки ба сохтакорӣ дар интихоботи гузашта муттаҳам гардид, ҳам вакилони маҷлиси вилоятӣ ва ҳам додситонӣ ҳисси «тараҳҳум» зоҳир карданд ва парванда нисбати айбдоршаванда қатъ ёфтаст.
"ВАКИЛОН ҚОНУНШИКАНӢ МЕКУНАНД..."
Ба гуфтаи Рустами Содиқиён, як интихобкунанда аз шаҳри Хоруғ, маҷлисҳои маҳаллӣ ҳар чӣ бештар ба ниҳоди ғайриҳирфаии ҷамъомади ашхоси мансабдор ва онҳое, ки мехоҳанд дар сояи дахлнопазирии вакилӣ эмин бошанд, табдил меёбанд. Вай гуфт: «Бубинед, бештари вакилоне, ки қонуншиканӣ мекунад, ашхоси мансабдор ҳастанд, сафи соҳибкорони довталаб ба курсии вакилӣ ҳам бештар шудааст. Гумон меравад, ки бархе ин афрод ба хотири халосӣ ёфтан аз тафтишҳои пай дар пайи мақомоти тафтишотӣ ва андоз депутат мешаванд.»
Дар ҳамин ҳол гурӯҳи вакилони маҷлиси маҳаллии ноҳияи Рӯшон иддае аз интихобкунандагони худро, ки тайи муроҷиат ба мақоми аввали вилоят рафтори намояндагони мардумиро дар мавриди бо ҳар роҳу восита ҳимоя намудани ҳамтояшон бар зарари муштариёни ҷабрдида «ҷинояткорона» хонданд, ба тӯҳмат ва таҳқир дар ҳаққи вакилон муттаҳам намуда, ба додгоҳ кашонданд.
ВАКИЛОН ҲАМДИГАРРО ҲИМОЯТ МЕКУНАНД
Ба ақидаи таҳлилгари сиёсӣ Ҳоким Сулаймонов: " Вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ дар таҳия ва қабули қарорҳо одатан камҷураъат ҳастанд, вале табиист, ки ҳангоми таҳдиди «хатар» ба яке аз онҳо чун аъзои як даста барои ҳимояи ҳамдигар бармехезанд. Аммо агар интихоб байни манофеи мардум ва манофеи шахсии вакил равад, вакил албатта манфиати шахсиашро дунболагирӣ мекунад. Зеро дар мамлакате, ки дар интихобот мардум нақши камранг дорад, вакил худро бештар на дар назди интихобкунанда, балки дар назди ниҳодҳои дигаре, ки барои вакил шуданаш нақш бозиданд, бештар масъул мешуморад."
Иқбол Муборакшоев, як интихобкунандаи дигар мегӯяд, ба кисаи давлату интихобкунандагон даст дароз кардани вакилони мансабдор ва афзоиши мизони фасод дар байни онҳо нишон медиҳад, ки иддае аз ғаразҳои шахсӣ ба курсии вакилӣ роҳ меҷӯянд.
Аммо як нафар вакил, ки нахост номаш ошкор шавад, афзоиши ҷиноёти иқтисодӣ дар байни вакилони мансабдорро ношӣ аз мушкилоти иҷтимоии ҷомеа медонад, ки ба ҳаёти вакил низ таъсир доштааст ва вакилро маҷбур месозад ба фасод олуда бошад.
Ба гуфтаи ин манбаъ, аммо баҳс байни додситонӣ ва вакилон, ки дар заминаи ҳисси нобоварии вакилон ба мақомоти тафтишотӣ зуҳур мекунад, бенатиҷа намемонад. Дар як маврид вакилони маҷлиси вилоятӣ ба талаби додситонӣ дар мавриди лағви дахлнопазирӣ сар нафуроварда, ба манзури таҳқиқи ҳодиса, комиссияи вижа таъсис доданд ва додситониро мӯътақид сохтанд, ки парвандаро қатъ созад.