Оё дар Амрико ҷавонони муҳоҷири тоҷик, ки ҳунари овозхониро дар ин кишвар пеша кардаанд, метавонанд дар оянда мисли овозхонони шинохтаи муқими ИМА Саттору Муин ё Андӣ шӯҳрат пайдо кунанд?
Баҳодур Рафӣ як ҷавони тоҷик, ки дар Ню-Йорки Амрико дар ин ҷода нахустин гомҳоро бармедорад, ба ин суол посухи мусбат медиҳад.
Шояд замоне аввалин овозхонони машҳури эронии муқими Амрико низ аз ҳамин нуқта шурӯъ карданд ва тадриҷан ба арши шӯҳрат расиданд. Ҳоло Баҳодур нахустин таронаҳои худро дар Амрико таҳияву сабт кардааст ва умедвор аст, роҳи пешгирифтаи вай дар муҳити озоди Амрико ин заминаро барояш фароҳам орад. Баҳодур ҳоло дар Ню-Йорк ба сар мебарад ва гаҳ-гоҳе аз забони вай дар маҳфилҳо дур аз Тоҷикистон таронаҳои тоҷикӣ садо медиҳад. Дар мусоҳибае аз Баҳодур хостам каме бораи худ бигӯяд:
Баҳодур Рафӣ: Вақте дар Тоҷикистон будам, дар Донишгоҳи миллии давлатӣ мехондам. Пас аз хатм боз ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон мерафтам ва дар он ҷо бо устод Бурҳон Маҳмадқулов машқ мекардам. Баъд, моҳи марти соли 2007 имконият фароҳам шуд, ки ман ба Амрико оям. Ин ҷо омадам, барои ман баъзе мушкилиҳо буд, барои он ки дар ин ҷо тоҷикон он қадар бисёр нестанд. Самарқандиҳо тӯй мекарданд ва маро ҳамчун меҳмон даъват мекарданд. Ман ба ин тӯйҳо мерафтам ва дар он ҷо панҷ-шаш суруд мехондам.
http://www.youtube.com/embed/bn1DXsFsYDY
Суол: Баҳодур, мо метавонем бигӯем, ки шумо ҳатто дар Ню-Йорк ҳам барои худатон саҳна ва ҳаводорони ҳунари овозхонии тоҷикиро пайдо кардед?
Баҳодур Рафӣ: Бале, лекин ман ҳоло албоми худамро надорам. Се-чаҳор суруд эҷод кардам ва дутоашро клип кардам. Ин видеоклипҳоро ба YouTube сар додам ва ба Тоҷикистон ҳам равон кардам. Шояд он ҷо диск кунанд ва ё агар имкон бошад, дар телевизион намоиш диҳанд.
Суол: Дар Ню-Йорк дар он ҷое, ки шумо зиндагӣ мекунед, вақте ки дар тӯйҳо ё маъракаҳои хурсандӣ ҳунарнамоӣ мекунед, таронаҳои шуморо чӣ гуна қабул мекунанд?
Баҳодур Рафӣ: Ба бисёр одамон маъқул аст. Таронаҳое, ки ҳоло ман баровардам ва клип кардам, рақсӣ нестанд, дар бораи ишқу муҳаббату дурӣ аз маъшуқа. Масалан, як таронаи ман бо номи “Ҳамсафар” барои одамонест, ки ошиқ ҳастанд. Вале ман дар тӯйҳои ин ҷо сурудҳои рақсиву тӯёна мехонам.
Суол: Баҳодур, шумо он ҷо ягон гурӯҳи навозандагон доред, ё ҳамон гурӯҳҳое, ки ба тӯй даъват мешаванд, ба ҳамонҳо ҳамроҳ мешавед?
Баҳодур Рафӣ: Ба ҳамонҳо ҳамроҳ мешавам, барои он, ки ҳоло барои ташкили гурӯҳи худам камтар мушкил аст. Ният дорам, ки одам ҷамъ кунам ва гурӯҳи худро ташкил намоям.
Суол: Оё ҳамин хел ҷавонони боистеъдод, ҳунармандон ҳастанд, ки як гурӯҳи навозандагони худро ташкил диҳед?
Баҳодур Рафӣ: Ҷавонони тоҷик не, ҷавонони эронӣ ҳастанд. Ман ният дорам бо ҳамонҳо кор кунам.
Суол: Оё онҳо шуморо ба гурӯҳҳои худ ё дастаҳои худ қабул мекунанд?
Баҳодур Рафӣ: Ман ба Лос Анҷелес сафар дорам. Ба назди режиссёри номӣ Коҷӣ Задурӣ рафта, бо онҳо кор мекунам. Моҳи гузашта ман бо он кас шартнома бастам. Он кас гуфтанд, ки охири моҳи август ё аввали моҳи сентябр метавонӣ ба Лос-Анҷелес биёӣ ва мо корро сар мекнем.
Суол: Ширкати Коҷӣ Задурӣ дар байни форсизабонон ширкати машҳур аст. Шумо медонед, ки бо ин ширкат кадом овозхонон ҳамкорӣ кардаанд ва ҳамкорӣ доранд?
Баҳодур Рафӣ: Бале, бале. Мансур, Муин, Андӣ, Сиёвуш ҳамкорӣ мекунанд. Лекин аз тоҷикон Садриддин Наҷмиддин ҳамкорӣ мекунад. Ман дар оғоз хостам бо Коҷӣ таронаҳоямро моҳи август сабт кунам. Вале Коҷӣ гуфт, ки бо Садриддин барвақттар шартнома доштааст, барои ҳамин ҳоло Садриддин дар Лос-Анҷелес аст. Вақте, ки кори Садриддин ба поён расид, баъд ман меравам.
Суол: Шумо чандсола ҳастед ва дар Амрико ба ҷуз аз ин ки шуғли иловагиатон овозхонӣ аст, боз чӣ кор мекунед?
Баҳодур Рафӣ: Вақте, ки ба Амрико омадам, 22 сола будам. Ҳоло чаҳор сол дар ин ҷо ҳастам. Дар ин ҷо як кор намешавад. Бояд бо чанд кор машғул шавӣ. Масалан, ман ҳоло дар соҳаи савдо кор мекунам, то корҳои эҷодиамро низ пеш барам.
Суол: Чун шумо ҷавон ҳастед ва дар оғози фаъолияти ҳунарӣ қарор доред, шояд дар оянда барои пеш бурдани корҳои ҳунарӣ каме маблағ даркор мешавад. Оё шумо тавони онро доред, ки аз ҳисоби худатон ҳамин гуна маблағро ба даст оред?
Баҳодур Рафӣ: Се чаҳор суруде, ки сабт шудааст, аз маблағи худам аст. Ман худоро шукр дар соҳаи савдо кор мекунам. Ман бояд бо маблағи худам ин корҳоро сар кунам. Барои он, ки ҳеҷ кас ҳамин тавр ёрдам намекунад, то он замоне, ки ту худатро нишон надиҳӣ.