Мақомоти Қазоқистон аз давлати Қирғизистон хостаанд, барои обёрии киштзорҳои пахта маҷрои обро бештар кунад, вале посухи мусбат нагирифтаанд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ҳафтаи равон ду тараф сари масъалаи тақсими об дар фасли гармо гуфтӯгуи беҳосиле доштаанд. Қазоқистон ҳар фасли тобистон барои обёрии киштзорҳои пунба ба оби изофӣ аз обанбори Токтогули Қирғизистон мӯҳтоҷ мешавад, вале Қирғизистон обро ба хотири тавлиди нерӯи барқ нигаҳ медорад. Қарор аст, ду тараф базудӣ дигарбора сари масъалаи афзоиши маҷрои об ба Қазоқистон гуфтӯгу кунанд.