Фармондеҳони нави артиши Туркия таин шуданд

Президент Абдулло Гул

Имрӯз Туркия чаҳор фармондеҳи нави артиши худро таин кард. Раиси ситоди артиш, фармондеҳи нируҳои мусаллаҳ, фармондеҳони нируҳои обиву ҳавоӣ бо имзои президент Абдулло Гул ба ҷои чаҳор генерал, ки ҳафтаи гузашта баъд аз мубоҳисот бо ҳукумат истеъфо дода буданд, мақомҳои нави худро ишғол карданд. Фармондеҳони пешин ба нишонаи эътироз бар зидди боздошти садҳо афсар истеъфо доданд, ки гӯё талош доштаанд ҳукумати исломгарои нахуствазир Раҷеп Тайип Эрдуғонро сарнагун созанд. Имрӯз дар поёни мулоқоти солонаи Шӯрои Олии Низомӣ президент Абдулло Гул номзадии фармондеҳони навро бо имзои худ таъйид кард.