Гузоришгари ҷадиди ҳуқуқи башари СММ аз Теҳрон даъват кард, то сафари ӯ ба Эронро ба хотири таҳқиқи мавориди шикоятшудаи нақзи ҳуқуқи инсон иҷозат диҳад. Аҳмад Шаҳид, вазири собиқи хориҷаи Малдив, аз 1 август расман ба ҳайси гузоришгари вижаи СММ дар умури вазъи ҳуқуқи башари Эрон ба фаъолият оғоз кард. Шӯрои ҳуқуқи башар ин мақомро дар иҷлоси моҳи марташ таъсис дода буд.