Рустам Қосимӣ вазири нафти Эрон шуд

Рустам Қосимӣ

Парлумони Эрон номзади пешниҳодкардаи раиси ин ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод ба симати вазири нафтро пазируфт. Аз 246 вакили Маҷлис 216 нафар аз номзадии фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоб Рустам Қосимӣ ҳимоят карданд. Қосимӣ бо гумони даст доштан дар талошҳои Эрон барои сохтани силоҳҳои ҳастаӣ таҳти таҳримоти байналмилалӣ қарор дорад. Теҳрон ин иттиҳомотро бепоя мехонад. Эрон панҷумин захираи бузурги нафти дунёро дар ихтиёр дошта, феълан раёсати давраии ОПЕК, Иттиҳодияи содиркунандаҳои нафт низ бо Теҳрон аст.