Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонуни масъулияти волидайнро имзо кард. Ин қонуни пурбаҳс, ки аз ҷумла ҳузури ҷавонони то 18-сола дар намозҳои масоҷидро манъ мекунад, акнун ба ҳукми иҷро медарояд. Дар арафаи моҳи Рамазон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусалмонони Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд, ки то поёни ин моҳи шариф ба ин қонун имзо накунад. Як мояи нигаронии рӯҳониён он банди қонун аст, ки монеъи ширкати наврасон дар намозҳои таровеҳ хоҳад шуд.
Аммо раиси Ҳизби коммунист Шодӣ Шабдолов, бино ба хабари «Азия Плюс», бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши фишори рӯҳониён ба насли наврас гуфтааст, давлат мулзам буд ба ин вокуниш кунад.
Аммо раиси Ҳизби коммунист Шодӣ Шабдолов, бино ба хабари «Азия Плюс», бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши фишори рӯҳониён ба насли наврас гуфтааст, давлат мулзам буд ба ин вокуниш кунад.