Вазорати корҳои хориҷаи Қазоқистон, ба таври расмӣ аз як узви порламони Аврупо интиқод кард, ки бо коргарони бахши нафт, ки дар ғарби Қазоқистон даст ба коршиканӣ зада буданд, мулоқот анҷом додааст. Илёс Умаров-сухангӯи вазорати хориҷа дар Остона ба рӯзноманигорон гуфт, боздиди Павел Морфӣ “мудохила дар умури дохилии Қазоқистон арзёбӣ мешавад”. Умаров гуфт, рафтори Морфӣ ”талоше барои таъсир гузоштан” дар кори Наталия Соколова-вакили мудофеи додгоҳи коршиканони нафт будааст. Морфӣ узви порламони Аврупо аз Ҳизби Сотсиалисти Ирландия мебошад, ки рӯзи 17 июл бо коршиканҳо мулоқт анҷом дода буд.