Имкони ҳали масъалаи маводи сӯхт бо Туркманистон вуҷуд дорад

Ҳамроҳхон Зарифӣ

Боздиди дурӯзаи Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз Туркманистон идома дорад. Музокироти Зарифӣ аслан ба ҳамкориҳо дар бахши нафт, энерживу сохтмон ва нақлиёт ихтисос хоҳад дошт. Комёб Ҷалилов-корманди Маркази стротегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо масъалаҳои харидории маводи сӯхти Туркманистон чунин мегӯяд:

“Мо захираҳои давлатиро истифода карда истодаем. Ба фикри ман имконияти ҳали ин масъала бо Туркманистон вуҷуд дорад”.

Боздиди вай аз ин кишвар ду рӯз давом мекунад ва вай бо Рашид Мередов-вазири корҳои хориҷа ва муовини нахуствазир ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон дидор ва дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ мекунад.