«...Ҳар айб ки ҳаст, дар мусулмонии мост.»

Ман Сайрам Одинаева сокини шаҳри Душанбе модари танҳо. Қиссаи ман аз боби инсофу имондории мо мардуми мусалмон аст.
Ман аз шумори зиёди занҳои танҳоям, ки бори таъмини хонаводаро тани танҳо мекашам. Шавҳарам ману шаш фарзандро гузошту барои кор роҳ ҷониби Русия гирифт. Вале шарафу номуси мардонагиву падарии ӯ танҳо барои як соли аввали муҳоҷираташ расиду халос, ки гоҳ-гоҳ барои мо каме пул мефиристод. Инак 9 сол аст, ки аз ӯ хатту хабар нест. Ман дар бозор гашнизу пиёз фурӯхтаву ба зӯр барои тифлонам хӯрданӣ меёбам. Албатта ҳадафи ман аз навиштани ин қисса баёни рӯзгори сахту фақиронаам нест. Балки чизи дигар аст.

Инак боз моҳи шарифи Рамазон дарҳои мо муъминонро кӯфту дари тавбаро Худованд бароямон боз кард. Рисолати ин моҳи муқаддас албатта танҳо аз хӯрдану ошомидан даст кашидан нест. Балки рисолатҳои зиёди омӯзандаву инсондӯстона дорад. Яке аз онҳо инсофу саховат аст. Вале вақте ин моҳи муборак сар мешавад, инсофу имон раҳму шавқат ва саховатро дар миёни бархе аҳли молу сарват, тоҷирону бозаргонон ва соҳибкорони мо бо заррабин ҳам бикобӣ ёфта наметавонӣ. Агар дар рӯзҳои оддӣ аз бозорнишинон хоҳиш кунӣ, андаке нархи маҳсулоти хурданӣ ва ё пӯшиданиро поинтар мебаранд, вале дар моҳи Рамазон ва дар арафаи иди Фитр нархҳоро мисле, ки семент рехта бошанд, аз ҷояшон ҷунбонида намешавад. Ҳарчанд ҳар сол президентамон ба такрор дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аз бозаргонону соҳибкорон дархост мекунад, ки нархҳоро боло набаранд ва ин талаби дини исломро, ки саховату инсофдорӣ аст иҷро кунанд, вале аҳвол ҳамон аст, ки ҳамон. Бозаргонони мо бештар дар фикри нафси худанд ва ғафстар кардани ҷайбҳои худ, на дар фикри инсофу имон.

Мо як ҳамсояи бой дорем. Қаду басту ҷисм ва ҳатто чеҳрааш қаҳрамони повести «Марги судхӯр»и устод Садриддин Айнӣ, Қорӣ Исматро ба хотир меорад. Дар бозори «Корвон» 3-4 дӯкони либосу матоъфурӯшӣ ва дар бозори «Шоҳмансур» чанд дӯкони мевафурӯшӣ дорад. Худаш дар маъракаҳо таъриф мекунад, ки ҳар охири ҳафта камаш 5 ҳазор доллар ба ҷайбаш ворид мешавад. Ва дар моҳи Рамазон ва рӯзҳои иди Қурбону Рамазон даромадаш ду баробар зиёд мешавад.

Соли гузашта дар моҳи Рамазон гузорам ба як дӯкони мевафурӯшии ӯ афтод ва ҳамсоя гуфта аз писараш, ки мева мефурӯхт, хоҳиш кардам каме нархи себу ангурро поинтар барад то ман аққаллан як килогӣ барои ифторамон бихарам. Писари ҳамсояам гуфт: «Холаҷон медонам, ки ҳамсояи мо ҳастиву хеле камбағалӣ, лекин падарам маро сар мебурад агар арзон фурӯшам. Вай ҳар бегоҳ пули савдо кардаамро кило ба кило ҳисоб мекунаду аз дастам мегирад. Агар кам бошад ҳақоратборонам мекунад. Худатон медонед- ку падари маро.»

Ман ноумед аз назди дӯкони ҳамсоям дур шудам.

Баъди як ҳафта ҳамсояи бойи ман худнамоӣ карда маъракаи ифтор оросту ду дег монда нони ба гуфтаи худаш хайрия дод. Дар маъракаи ӯ ҳама аҳли бозору тиҷорат ва соҳибкорони пулдор, яъне мардуми серу пур ҳузур доштанд. Дар охири маърака як миқдор ошу шӯрбо дар дегҳои зиёдатӣ монд ва ману боз чанд ҳамсояи камбағали дигар интизор будем, ки занаш шояд як табақӣ аз он таъоми зиёдатӣ ба мо ҳамсояҳо мефиристад, вале ҳайҳот!

Ман ҳар боре ба ин ҳамсояи бою баднафс ва ботакабуру худписанди худ нигоҳ мекунам, андешам мекунам ба баъзе кору розигии худои меҳрубон. Охир чаро ин дороиро ба ягон марди боинсофу боимон намедиҳад, то ягон ниёзманду фақир аз ӯ фоидае ё саховате бубинад? Хайр,онеро ки худо медонад, банда намедонад. Шояд барои он бошад, ки боз он марди хубу наҷиб ҳам мисли ин ҳамсояи ман пули бисёрро дида баъд 180 дараҷа дигар нашаваду биниаш осмонро натарошаду заминро дигар дар зери пояш намебинад? Кӣ медонад.

Вале тарзи зиндагиву хасисии ҳамсояаам латифаеро ба ёдам меорад ҳар бор, ки чунин аст: Хоҷа Насриддин бою бадавлат шуда буд ва дар хонааш ба ғайр аз шири мурғу ҷони одам ҳама чиз пайдо буд. Рӯзе ҳамсояаш омада аз ӯ мепурсад, ки асали 40 сола дорӣ? Хоҷа Насриддин дар ҷавоб мегӯяд, ки бале, дорам. Ҳамсоя мегӯяд як қошуқ аз ҳамон асали 40 солаат барои доругӣ медодӣ. Ӯ мегӯяд не, намедиҳам. Ҳамсоя бо ҳайрат мепурсад, киохир як қошуқ асалро ҳам дареғ медорӣ аз ҳамсояат? Хоҷа Насриддин мегӯяд агар ман ин асалро як қошуқӣ ба ҳама медодам, магар он 40 сола мешуд?

Сайрам Одинаева, сокини шаҳри Душанбе.

Масъули бахш Сафаргул Олимӣ.