Дарёсолор Майк Маллен-раиси ситоди муштараки нируҳои мусаллаҳи Амрико гуфт, ки Ироқ бояд дар мавриди истиқрори нируҳои Амрико ҳар чӣ зудтар тасмим бигирад, то баъд аз хатми қарордод дар бораи ҳузури нируҳои Амрико дар Ироқ дар поёни соли ҷорӣ ҳузури баъдии онҳо дар Ироқ ҷанбаи қонунӣ бигирад. Майк Маллен ин нуктаро шоми рӯзи душанбе дар ҷараёни боздиди худ аз Ироқ изҳор дошт. Вай дар ин боздид бо раҳбарони Ироқ имкони ҳузури баъдии нируҳои Амрико дар Ироқро баррасӣ кард. 31-ӯми декабри соли ҷорӣ мӯҳлати хуруҷи нируҳои Амрико аз Ироқ ба поён мерасад. Вошигтон пешниҳод кардааст, ки то 10 000 нируи амрикоӣ барои машқ додани нируҳои маҳаллӣ дар Ироқ боқӣ бимонанд.