Чаҳоряки кӯдакони то панҷсола, ки дар Қирғизистон даргузаштаанд, аз норасоии ғизо ҷон додаанд.
Фақр, набуди маълумот ва хадамоти беҳдоштӣ, аз мӯҳлати истеъмол баромадни маводи ғизоӣ ва бӯҳрони молӣ ба ин мушкил илова шудааст.
Дар миёни кишварҳои минтақа шояд Қирғизистон аз норасоии ғизо бештар ранҷ мебарад, бо вуҷуди ин ки Тоҷикистон низ аз ин мушкил то ҳол раҳо нашудааст ва муҳоҷирати кории қишрҳои мухталифи ҷомеа ба хориҷ то андозае аз шиддати норасоии ғизо костааст.
Чинор Мамадбекова, модари 9 кӯдак дар Қирғизистон мегӯяд, вай бо мушкилиҳои сахт кӯдакони худро бо ғизо таъмин мекунад: “Ҳоло воқеан муушкил шудааст. Шумо бубинед, як кило гӯшт чӣ қадар қимат аст. Хонаводаҳои серфарзанд, мисли мо наметавонанд мунтазам гӯшт истеъмол кунанд. Гаҳ-гоҳе гӯшт мехӯрем. Хӯроки мо каллория надорад. Мо аслан хӯрокиҳои хамирӣ ва биринҷ истеъмол мекунем. Чӣ хел ман ин чизро пинҳон кунам? Ҳар чӣ меёбем, ҳамонро мехӯрем.”
Дар гузориши ахири UNICEF ва Бонки Ҷаҳонӣ омадааст, сабаби даргузашти кӯдакони то панҷсола дар Қирғизистон норасоии ғизо мебошад ва нигаронии Маматбекова низ аз ҳамин аст. Дар гузориш омадааст, нимасерӣ ё норасоии ғизо дар синни кӯдакӣ ба камолоти ҷисмонии кӯдак низ асароти манфӣ мегузорад.
Камолоти ҷисмонии 14 дарсади кӯдакони зери панҷсола дар Қирғизистон хеле заиф аст ва дар се вилояти ин кишвар ин рақам 20 дарсадро ташкил медиҳад. Тамер Рабӣ, коршиноси аршади беҳдоштӣ дар Бонки Ҷаҳонӣ ва муаллифи аслии гузориши мазкур мегӯяд, дар маҳаллоти дурафтода рушди ҷисмонии 15,7 дарсади кӯдакон хеле заиф аст, вале дар шаҳрҳо вазъ каме беҳтар аст ва ин шумора 10,8 дарсадро ташкил медиҳад.
Ҷаноби Рабӣ мегӯяд, бӯҳрони молии соли 2008 ба нархи маводи ғизоӣ дар мағозаҳову бозорҳо асар гузошт ва нархҳо тақрибан 30 дарсад боло рафтанд. Аз он вақт то ба ҳол аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон ва занони ҳомила норасоии ғизоро эҳсос мекунанд. Ба гуфтаи ин коршинос, камбуди йод дар таркиби ғизо низ ба саломатӣ таъсири бад мегузорад.
“Бидуни шак набуди йод дар таркиби ғизо яке аз сабабҳои кундии рушди ақлонӣ шуда метавонад, ба вижа дар батни модар дар марҳилаи авали ҳомиладорӣ ва дар моҳҳои аввали баъд аз таваллуд. Саранҷом оқибатҳои он ба ҷое хоҳад расид, ки мағзи сар ё майна осеб хоҳад дид. Кӯдак тавоноии омӯзишро аз даст медиҳад ва камсавод мемонад ва агар онро дар маҷмӯъ бигирем, тавоноии як миллатро аз иҷрои вазоифи худ бозмедорад”,-илова кард ӯ.
Гузориши UNIСEF ва Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад, ки бояд дар Қирғизистон барномаҳои умумии тағзияи кӯдакон таҳия шавад ва аз ин роҳ бо норасоии ғизо бояд мубориза идома ёбад.
Гузориши UNIСEF ва Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад, ки бояд дар Қирғизистон барномаҳои умумии тағзияи кӯдакон таҳия шавад ва аз ин роҳ бо норасоии ғизо бояд мубориза идома ёбад...