Вазорати ҳолоти изтирории Русия мегӯяд, бар асари ғарқ шудани як киштӣ дар рӯди Маскав дастикам 9 нафар ҳалок шудаанд. Аз 16 сарнишини ин катер, ки барои таҷлили як зодрӯз истихдом шуда буд, фақат 7 нафар тавонистаанд аз ин сониҳа ҷони солим ба дар оранд. Ин киштӣ шаби гузашта дар натиҷаи бархӯрд бо як баржа зери об рафт. Рӯзи 10 июл бар асари сониҳаи киштии “Булгария” дар рӯди Волга, дар ҷумҳурии Тотористони Русия 122 нафар ҷон бохтанд.