Се хабарнигори ТВ Либия кушта шудаанд

Холид Басилия, мудири бахши инглисии «Ал-Ҷамоҳирия», телевизиони давлатии Либия гуфт, бар асари ҳамлаи шаби шанбеи НАТО 3 журналист кушта ва 15 тани дигар захмӣ шудаанд. НАТО қаблан гуфта буд, ки ҳавопаймоҳояш 3 мавҷрасони телевизиони давлатии Либияро дар Троблус тахриб кардаанд. Сухангӯи НАТО Роланд Лавойе гуфт, ҳадаф аз ин бомббор қатъи пахши барномаҳое буд, ки барои таҳрики хушунат ва тарсондани мардум истифода мешаванд. Бо ин ҳол, чирикиҳое, ки алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ меҷанганд, мегӯянд, фармондеҳи чирикиҳо Абдулфаттоҳ Юнусро шибҳанизомиёни исломӣ куштаанд. Узви Шӯрои миллии гузор Алӣ Тарҳунӣ аммо аз шаҳри далоили ин сӯъиқасд худдорӣ кард. Сухангӯи давлати Либия Мӯсо Иброҳим гуфт, фармондеҳи чирикиҳоро Ал-Қоида куштааст. Абдулфаттоҳ Юнус вазири собиқи умури дохилии Қаззофист, ки дар моҳи феврал тағйири сангар кард ва ба мухолифини режим пайваст.