Умедворӣ ба раҳоии Фаттал ва Бауэр

Вакили мудофеъи ду амрикоие, ки ду сол боз дар Эрон бо иттиҳоми ҷосусӣ дар боздошт қарор доранд, изҳори умед кард, ки муваккилонаш дар рӯзҳои наздик раҳо хоҳанд ёфт. Ҷош Фаттал, Шон Бауэр ва Сара Шоурд моҳи июли соли 2009 дар марзи Эрону Ироқ боздошт шуданд. Шоурд моҳи сентябри соли 2010 дар ивази пули гарав озод шуд ва ба Амрико баргашт. Ҳарсе иттиҳоми ҷосусиро радд карда, мегӯянд, ҳангоми кӯҳнавардӣ нодониста вориди хоки Эрон шудаанд. Додгоҳи чоруми Бауэр ва Фаттал бояд рӯзи якшанбе доир шавад. Вакили онҳо Масъуд Шофеъӣ ба хабаргузории ИСНО гуфтааст, умедвор аст, ки ин охирин додгоҳи ин ду тан шуда, ду соли боздошти онҳо ҳамчун муҷозоти кофӣ барои онҳо шинохта хоҳад шуд.