6 000 шаҳрванди тоҷик ба "ов"-у "ев" баргаштаанд

Тайи нимаи аввали соли ҷорӣ беш аз 6000 нафар аз атбоъи Тоҷикистон исми хонаводагии худро иваз кардаанд. Бахши аъзами онҳо ба фамилияҳои қаблие, ки бо “ов”-у “ев” тамом мешаванд, баргаштаанд. Иллати чунин баргашт мушкилотест, ки соҳибони исмҳои хонаводагии тоҷикӣ ҳангоми мусофират дар Русия рӯбарӯ мешаванд. Равшан Умаров, раҳбари идораи сабти ҳолоти шаҳрвандӣ(ЗАГС)-и вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтааст, интихоби исми хонаводагӣ кори шахсии ҳар нафар аст ва мақомот бидуни кадом мамониат дархости онҳо барои табдили исми хонаводагиро иҷро мекунанд. Гузариш ба номҳои миллии хонаводагӣ дар Тоҷикистон 3 сол пеш, замоне вусъат гирифт, ки раиси ин ҷумҳурӣ исми худро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалии Раҳмон табдил дод.