20 дарсад дар Русия то ҳол тарафдори СССР будаанд

Бар асоси натоиҷи назарсанҷие, ки ВЦИОМ доир кардааст, танҳо 20 фоизи мардуми Русия то ҳол ҳаваси зиндагӣ дар Иттиҳоди шӯравии собиқро дар сар дошта, 15 дарсад баръакс тарафдори ба Иттиҳодияи Аврупо пайвастани Русия будаанд.
Ҳамин тавр, 35 дарсади пурсидашудагон ба иттиҳоди Русия бо Беларус ва 33 дарсад ба иттиҳод бо Украина тарҷеҳ додаанд.
Ба иттиҳоди Русия бо Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамагӣ 12 дарсади мардуми Русия ихлос доштаанд, ки баъди Гурҷистон, ки маҳбубияти ҳамагӣ 11 дарсади пурсидашудагонро ба даст овардааст, ин пойинтарин мизон дар байни кишварҳои шӯравии собиқ мебошад.