Толибони Покистон мегӯянд, ки онҳо ду сайёҳи Шветсарияро дар гаравгонии худ нигоҳ медоранд. Валӣ Раҳмон-муовини гурӯҳи шӯришиён гуфт, гаравгонон замоне раҳо хоҳанд шуд, ки агар Амрико як хонуми донишманди покистониро, ки барои талоши куштори мақомоти амниятии Амрико маҳкум ба зиндон шудааст, аз ҳабс раҳо кунад. Як зану шавҳари шветсариягӣ як моҳ пеш дар аёлати дурафтодаи Балуҷистони Покистон рабуда шуда буданд.