Хабаргузории REGNUM иттилоъ додааст, ки дар шаҳри Душанбе 18 нуқтаи хусусии дандонпизишкӣ баста шудааст. Хадамоти беҳдоштии вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, дар натиҷаи тафтиш дар маҷмӯъ 24 нуқтаи тиббӣ дар шаҳри Душанбе баста шудаанд. Тафтиш нишон додааст, ки асноди ин нуқтаҳои беҳдоштӣ муназзам набудааст ва аз лиҳози беҳдоштӣ низ ин марказҳо ҷавобгӯи муқаррарот набудаанд.