Силсилаи ҳамлаҳои хунин дар маркази Урузгон

Як гурӯҳи силоҳбадастон ва бомбгузорони маргталаб имрӯз ба идороти давлатӣ дар Таринкут, маркази вилояти Урузгон дар ҷануби Афғонистон ҳамла овардаанд. Мудири бемористони маҳаллӣ Хоноғо Миёхайр гуфт, дар ин даргириҳо дастикам 17 нафар кушта ва 37 тани дигар захмӣ шудаанд. Яке аз кушташудагон хабарнигори маҳаллии ББС будааст.Масъулияти ин ҳамлаҳоро, ки ба гуфтаи вазорати умури дохилаи Афғонистон, тавассути 6 тан анҷом шудааст, Толибон бар ӯҳда гирифт. Як рӯз қабл шаҳрдори Қандаҳор кушта шуд. Мавҷи ахири хушунатҳо дар ҷануби Афғонистон дар ҳолест, ки нирӯҳои НАТО ба таҳвили масъулияти таъмини амният ба нирӯҳои афғон оғоз кардаанд.