Русия қасд дорад, ба унвони иқдоми ҷавобӣ теъдоде аз мақомҳои амрикоиро аз ҳаққи раводиди сафар маҳрум кунад. Амрико қаблан мақомоти русеро, ки бовар меравад, дар ҳалокати вакили мудофеъи зиндонӣ Сергей Магнитский даст доштанд, шомилирӯйхати сиёҳи афроди мамнӯъулвуруд кард. Сухангӯи Кремл Наталя Тимакова гуфт, ба иттихози тадобири ҷавобӣ худи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев амр кардааст. Сергей Магнитскийи 37-сола соли 2009 баъди як соли боздошт дар як зиндони Маскав ба далели адами табобати маризиаш фавтид.