Дар як даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 8 марзшикан, ки ба қочоқи маводи мухаддир гумонбар мешаванд, кушта шудаанд. Аз маҳалли ин задухӯрд дар минтақаи Шӯрообод, 200-километрии ҷанубушарқи Душанбе, 50 кило маводи мухаддир ва теъдоде аз силоҳ кашф ва мусодира шудааст. Бино ба гузориши ИТАР-ТАСС, ин даргирӣ ҳанӯз рӯзи 23 июл сурат гирифта, ба далели идомаи амалиёт хабараш танҳо имрӯз нашр шуд. Вазири хориҷаи Афғонистон Залмай Расул, ки феълан дар Душанбе қарор дорад, гуфтааст, мақомоти афғон низ ин қазияро алоҳида таҳқиқ хоҳанд кард.