Додгоҳи Боқиевро дар Бишкек аз сар гирифтанд

Қурмонбек Боқиев

Додгоҳи низомии Бишкек дар Қирғизистон мурофиаи раиси собиқи ин ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиевро дар ғайбаш аз сар гирифтааст. Боқиев ва 27 тан аз ёрони собиқи ӯ ба куштори ҳудуди 90 нафар дар аҷараёни эътирозҳои моҳи апрели соли гузашта, ки мунҷар ба суқути давлати Боқиев шуд, айбдор мешаванд. Тафтишот мегӯяд, амри тирборони эътирозгарони бесилоҳро ҳамин афрод додаанд.
Қурмонбек Боқиев баъди барканориаш аз мақом тарки Қирғизистон кард ва феълан дар Беларус паноҳ мебарад.