Ба сокинони навоҳии кӯҳистонии Тоҷикистон ба сурати кумаки билоиваз беш аз 2000 батареяи офтобӣ тақдим хоҳанд кард. Дафтари матбуоти вазорати энерживу саноат ба «Азия Плюс» хабар дод, ки ин таҷҳизот ба сурати кумак аз хориҷ расидааст. Қарор аст, дар рӯзҳои наздик 85 батареяи хуршедиии иқтидори ҳар кадомаш 30 ваттро дар минтақаи Яғноб насб кунанд. Ба навоҳии Балҷувону Ховалинг низ 100 ададӣ аз ин батареяҳо тақдим шуда, беш аз 1500 адади он барои навоҳии вилояти Бадахшон ихтисос дода хоҳад шуд.