Додситонии Кулли Тоҷикистон парвандаи пурсарусадои марбут ба ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр»-ро бо айбномаи сирқат дар фаъолияти раиси ин ширкат Ҷурабек Охунов ба Додгоҳи олии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Шавкат Абдулхайров-додраси Додгоҳии олии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт парвандаи мазкур дар дасти эшон аст ва омӯзиши ин парвандаро тоза шурӯъ кардааст.Аз ин рӯ дар бораи ҷузъиёти он дар ҳоли ҳозир чизе гуфта наметавонад. Аммо вакили мудофеъи Ҷурабек Охунов-раиси ширкати Мовароуннаҳр Шӯҳрат Қудратов дар робита бо ҷузъиёти айбномаи Додситонии кулл чунин гуфт:
«Додситонии кулл инро асос овардааст, ки гӯё мудири кулли ширкат Охунов як хонаро ба чанд нафар фурӯхтааст.Ва бо ин Ҷӯрабек Охуновро айбдор медонанд ва ҳамин айбнома ба додситонӣ ирсол дошта шудааст».
Аммо тақрибан як моҳ қабл Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки бар асоси ҳукми Додситонии кулли Тоҷикистон расидагӣ ба фаъолияти ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр”-ро анҷом додаанд ва ба ин натиҷа расидаанд, ки сирқат ё қаллобӣ дар фаъолияти ин ширкат ҷой надоштааст.