27 июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муассиси созмони иҷтимоии ҷавонон бо номи “Созандагони Ватан” баргузор шуд. Ин созмон дар назди ҳизби ҳокими Халқӣ-Демоктратӣ ташкил шудааст ва навъе мисли комсомол дар назди Ҳизби Кумунист мебошад. Ҷаласаи муассис зери раёсати Асрор Латипов-муовини раиси ҳизби ҳоким баргузор шудааст. Дар ин бора “Азия-Плюс”хабар додааст. Дар ҷаласаи муассис намояндагон аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ширкат кардаанд ва дар он Адҳам Мирсаидов раиси “Созандагони Ватан” интихоб шуд.