Дар сохтмони СММ дар Ню-Йорки Амрико бо ташаббуси Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал зери унвони "Тоҷикистон -- кишвари кӯҳҳо ва обҳо" намоишгоҳи наққошиҳои рассоми маъруфи тоҷик Леонид Хушвақтов ва аксҳои Нозим Қаландаров баргузор мешавад. Ин намоишгоҳ, ки як ҳафта давом мекунад, ба 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон ихтисос ёфтааст. Леонид Хушвақтов, рассоми тоҷик дар сӯҳбат бо хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ки ҳадаф аз ташкили намоишгоҳи эҷодиёти ӯ шиносоии тамошобини хориҷӣ бо манзараҳои зебои Тоҷикистон аст. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи эҷодкорони тоҷик раҳбарияти СММ ва намояндагии Тоҷикистон дар ин ниҳоди байналмилалӣ иштирок карданд.