Аз рӯи иттилои хабаргузории “Азия-Плюс” дар шимоли Тоҷикистон тақрибан 10 рӯз пеш як кӯҳнаварди олмонӣ ба ҳангоми фатҳи қуллае дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ сарозер шуда даргузашт. Аз рӯи иттилои ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Суғд, кӯҳнаварди хориҷӣ Александр Лукас Роса эҳтимолан рӯзҳои 16-17 июл аз баландии 4500 метр дар сатҳи баҳр сарозер шудааст. Вале корҳои ҷустуҷӯи кӯҳнавард рӯзи 20 июл шурӯъ шуда, бо кӯмаки сафорати Олмон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷасад берун кашида шуд. Соли гузашта ҳам дар кӯҳистони Суғд як кӯҳнаварди дигари хориҷӣ ҷори худро аз даст дода буд.