Ҳалокати 27 толиб дар минтақаи Куррам

Дар минтақаи Куррами Покистон бар асари даргирӣ миёни дастаҳои худдифоъи маҳаллӣ ва толибон дасти кам 27 мусаллаҳи мухолифи ҳукумат ба ҳалокат расиданд.

Чаҳор тан аз аъзои гурӯҳҳои худдифоъ низ ҷон бохтанд. Низомиёни артиш ба хотири кӯмак ба дастаҳои худдифоъ ба ин минтақа эҳзор шуданд.

Толибони мустақар дар ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон дар амалҳои зиёди террористӣ бо истифода аз маргталабҳо, дар куштор ва рабудани сокинони маҳаллӣ айбдор мешаванд.