Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ахиран қабулгоҳи масъули ҳуқуқи башар таъсис шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он рӯзи шанбе Зариф Ализода, Омбудсмени Тоҷикистон иштирок дошт. “Азия-Плюс” менависад, ки вазифаи аслии дафтари масъули ҳуқуқи инсон баррасии қазияҳои марбут ба поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҳам боло бурдани сатҳи огаҳии мардум дар бораи ҳуқуқи онҳо хоҳад буд. Раҳбарии дафтари намояндагии омбудсменро дар вилояти Хатлон Қурбон Мирзоев, собиқ мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи раҳбари вилояти Хатлон ба ӯҳда гирифт. Қаблан як чунин қабулгоҳи шикоятҳои марбут ба поймолшавии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Турсунзода ҳам таъсис шуда буд. Дар оянда бояд дафтарҳои Омбудсмен дар Хуҷанду Хоруғ низ боз шаванд. Зариф Ализода гуфтааст, ки то рафт шумори шикоятҳо аз поймол шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бештар мешавад ва танҳо дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ ба унвонии онҳо беш аз яку ним ҳазор даъвои сокинони Тоҷикистон расидааст. Шикоятҳои зиёд аз ҳукмҳои аз ҳад зиёд бераҳмона ва ё шиканҷаи маҳбусин мерасад, гуфтааст Ализода дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс”.