Қотили беш аз 90 нафар дар додгоҳи Осло ҳозир шуд

Журналистон дар беруни сохтмони додгоҳи Осло

Муттаҳами 32-солаи куштори фоҷеабори беш аз 90 нафар дар Норвегия дар додгоҳи Осло ҳозир шуд. Додгоҳ ҳукм кард, ки ҷаласаи имрӯзаи Андерс Беҳринг Брейвик дар пушти дарҳо баргузор шавад. Муфаттишон мегӯянд, ки қабл аз шурӯи муҳокимаҳои додгоҳӣ, Брейвик бояд ҳашт ҳафтаро дар боздоштгоҳ сипарӣ кунад. Соати 12 имрӯз сокинони Норвегия ба хотири қурбониҳои ҳамлаҳои маргбори рӯзи 22 июл як дақиқа сукут карданд.
Дар он рӯз Брейвик аз роҳи таркиши бомба 7 нафарро дар беруни сохтмони ҳукуматӣ ва 86 танро дар як қароргоҳи тобистонаи ҳизби ҳокими кор ба қатл расондааст.