Ҳукумати Сурия бисёрҳизбиро иҷозат хоҳад дод

Ҳукумати Сурия тарҳи нави қонунро таҳия кард, ки бар тибқи он, ҳизбҳои дигари сиёсӣ ҳақ хоҳанд дошт дар канори ҳизби ҳокими “Баас”-и Башор Асад амал кунанд. Баъди эътирозҳои беш аз чаҳормоҳаи мардум аз ҳукумат, шаби якшанбе тарҳи қонуни нав аз ҷониби аъзои ҳукумат пазируфта шуд. Аммо мухолифини Сурия гуфтанд, ки ислоҳоти ҳукуматро чун як иқдоми рамзӣ қабул надоранд. Ҳизби ҳокими “Баас” дар давоми даҳсолаҳо аз болои ҳаёти сиёсии кишвар назорат кардааст. Вале дар ҳамин ҳол, дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар эътирозҳои сартосарӣ идома доранд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар давоми тамоми ин муддат тахминан 1400 нафар мардуми мулкӣ ва 350 амниятиҳо кушта шуданд.