Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз вакилони Конгресс хост, то ҷиҳати коҳиш додани касри будҷа ягон иқдоми “бузург” кунанд. Ин даъвати Обама дар пайи гузоришҳо пиромуни пешрафт дар музокирот бар сари 3 триллион доллар коҳиш додани касри будҷаи Амрикост. Афзоиши молиёт, ки демократҳо мехоҳад, вале ҷумҳурихоҳон ба он мухолифанд, бузургтарин мониа дар ин муомила боқӣ мемонад. Агар то 2 август тавофуқ ба даст наояд, Амрико тавони пардохти уҳдадориҳояшро гум мекунад. Ин метавонад кишварро дубора ба чанги пасрафт андохта, боиси буҳрон дар бозорҳои ҷаҳонӣ шавад.