Шӯрои Аврупо дар пайи иҷрои ҳукми эъдоми ду марди муҷрим дар куштори сегона аз Беларус хост, то ин навъи ҷазои олиро билофосила барҳам диҳад. Аз иҷро шудани ҳукми қатли Андрей Бурдикаи 29-сола ва Олег Гришковетси 28-сола бидуни овардани ҷузъиёт рӯзномаи давлатии “Вечерний Гродно” хабар дод.
Дабири кулли Шӯрои Аврупо Торбёрн Ягланд дар як баёния мақомоти Беларусро ба қатъи истифодаи ҷазои олӣ даъват кард ва гуфт, эъдомҳои ҷадидро сароҳатан маҳкум мекунад. Беларус танҳо кишвари Аврупост, ки то ҳол ба Шӯрои Аврупо напайвастааст.