Ба Юнон боз 159 миллиард евро медиҳанд

сарвазири Юнон Георг

Раҳбарони 17 кишвари узви минтақаи евро дирӯз дар нишасти изтирорие дар Брюссел дар мавриди ироаи бастаи нави кумакҳои молӣ ба Юнони буҳронзада тавофуқ карданд. Ҳаҷми ин бастаи нави кумак ба Юнон дар ҳудуди 159 миллиард евро, ё тақрибан 215 миллиард доллар, рақам зада мешавад. Раҳбарони минтақаи евро дар як баёнияи муштарак изҳор доштанд, ки 109 миллиард евро аз ин ҷамъи кумакҳо аз кишварҳои Аврупо ва Сандуқи байналмилалии пул ва 49,6 миллиарди дигараш аз бахши хусусӣ хоҳад расид.
Раиси Бонки марказии Аврупо Жан-Клод Трише аз тасвиб шудани қарори ироаи бастаи нави кумакҳо ба унвони як гоми муҳим дар амри тазмини суботи молии минтақаи евро истиқбол кард.
Раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо низ бо истиқбол аз ҳамдастии бахши хусусӣ дар «амалиёт»-и наҷоти иқтисоди Юнон гуфт, «барои бори аввал аз оғози ин буҳрон сиёсат ва бозор аз як гиребон сар бароварданд.»