Гуйдо Вестервелле-вазири корҳои хориҷаи Олмон имрӯз ғайримунтазира барои боздид аз Афғонистон вориди Кобул шуд. Вай баъд аз фуруд дар Кобул нахост дар бораи замони оғози бозгашти 5 ҳазору 400 нафар низомиёнаш аз шимоли Афғонистон ба Олмон сӯҳбат кунад. Вале вай гуфт, “порламони Олмон моҳи январ 12 моҳи дигар мӯҳлати истиқрори нируҳояш дар Афғонистонро тамдид кардааст ва бозгашти нируҳояш ба ватан дар охири соли 2011 оғоз мешавад, агар вазъи амниятӣ ба он имкон диҳад”.