Амрико аз боздошти Горан Ҳаҷич, охирин нафар дар феҳрасти афроди таҳти пайгарди Додгоҳи Ҳейг, истиқбол кард. НАТО гуфт, боздошти Ҳаҷич дар боғи миллии Сербистон дар тақрибан 65-километрии шимоли Белград як саҳифаи муҳими таърихи Аврупоро мепӯшонад. Раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич дирӯз гуфт, боздошти Ҳаҷич ба маънои иҷрои комили масъулиятҳои ҳуқуқӣ ва қарзи ахлоқии Белград дар наздики додгоҳи Ҳейг аст. Ҳаҷич дар солҳои ҷанги Хорватия раҳбари ҷониби сербҳо буд. Додгоҳи СММ ӯро ба ҷиноёти алайҳи башарият айбдор мекунад ва интизор меравад, Ҳаҷич то чанд рӯзи дигар ба Ҳейг мустарид шавад .