Дар шарқи Либия дар задухӯрдҳо бо нерӯҳои Муаммар Қаззофӣ барои шаҳри Брега 18 тан аз ошӯбгарон кушта ва тақрибан 150 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Брега, ки дар бандари он чанд терминали бузурги нафтӣ бунёд шудааст,
чанд бор аз даст ба даст гузашт.
Имрӯз Ален Жуппе, вазири умури хориҷии Фаронса, имкони дар Либия боқӣ мондани Муаммар Қаззофӣ дар сурати аз сиёсат канор рафтанашро байид надонист.
Раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ бо ду раҳбари Шӯрои миллии интиқолии таъсискардаи ошӯбгарон авзоъ дар Либияро баррасӣ кард. Ва аммо, ба навиштаи хабаргузориҳо, ӯ ба ошӯбгарон ягон ваъдаи кӯмак, аз ҷумла, ваъдаи таъмин бо силоҳро накардааст.
Ҳафтаи гузашта беш аз 30 кишвар, аз ҷумла, ИМА, Шӯрои миллиро эътироф карда эълом доштанд, ки Қаззофӣ машрӯъияти худро аз даст додааст.
Русия аз ин тасмим интиқод кард, зеро аз нигоҳи Маскав, ошӯбгарон яке аз тарафҳои низоъ мебошанд. Имрӯз вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар Маскав бо вазири умури хориҷии Либия Абдулъотӣ Ал-Убайдӣ мулоқот мекунад.