Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО аз боздошти Горан Ҳаҷич, охирин муттаҳам дар ҷиноёти низомӣ замони ҷанг дар нимҷазираи Балкан дар солҳои 90-уми қарни гузашта, истиқбол карданд. Ҳаҷич мавриди кофтукоби Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг қарор дошт.
Дар изҳороти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо Ҳерман ван Ромпей, Жозе Мануэл Баррозу ва Кэтрин Эштон ҳабси Ҳаҷич чун “гоми муҳим дар роҳи вуруди Сербия ба Иттиҳодияи Аврупо” арзёбӣ шудааст. Аз иқдоми мақомоти Сербия Дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен ҳам ситоиш кард.
Горан Ҳаҷич субҳи рӯзи чаҳоршанбе дастгир шуд. Борис Тадич, раисиҷумҳури Сербия, гуфт, ки боздошт соати 8-у 24 дақиқаи субҳ дар боқи миллии Фрушка гора, воқеъ дар шимоли кишвар, сурат гирифт.
Ҳаҷич сарвари Ҷумҳурии Сербҳои Краина буд, ки то соли 1995 дар хоки Хорватия арзи вуҷуд дошт. Ӯ ҳафт сол боз аз таъқиби додгоҳӣ фирор мекард.