Дар водии Фарғона, дар марзи миёни Ӯзбакистону Қирғизистон, заминларза рух дод, ки ҳазорон нафарро барои тарки манзилҳояшон маҷбур сохт.
Ба иттилоъи хадамоти геологии ИМА, дар маркази заминларза, тақрибан 40 километрии ҷанубу ғарби шаҳри Фарғона, нерӯи зилзила ба 6,2 дараҷаи Рихтер баробар буд.
Вазорати ҳолатҳои изтирории Қирғизистон хабар дод, ки маркази заминларза аз шаҳри Бодканд тақрибан 50 километр дуртар воқеъ буд.
Дар бораи қурбониёни ин офати табиӣ иттилоъе зери даст нест. Ба гуфтаи мақомоти Бодканд, сокинони 11 деҳа аз нерӯи барқ маҳрум мондаанд. Бархе аз сокинони маҳаллӣ дар бораи осеб дидани манзилҳояшон хабар доданд. Аз Бишкек ба Бодканд барои таҳқиқи паёмадҳои заминларза гурӯҳи махсус фиристода шудааст.
Хабаргузориҳои Русия навиштаанд, ки ларзиши замин дар шаҳри Душанбе ҳам эҳсос шудааст. Намояндаи кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон субҳи имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи кадом хисороти молӣ ё ҷонии заминларзаи ахир ба дасти онҳо гузориш нарасидааст.