Танзими шумораи сагҳо бо куштор ва фармон

Сокинони ноҳияи Восеъ дигар ҳуқуқи нигаҳдории беш аз як сагро дар манзили зисти худ надоранд.
Нигадорӣ ва парвариши зиёда аз як саг бо қарори ҳукумати маҳаллӣ мамнӯъ шуд. Қарор дар ҳоле қабул гашт, ки ба гуфтаи масъулони ноҳия, теъдоди сагони дайду ё бесоҳиб ба маротиб афзоиш ёфта, дар ним соли охир 300 сокини ноҳия аз ҳамлаи чунин сагон захмӣ шудаанд.
Мубориза зидди сагҳо мубориза якрӯза нест. Ин вақти зиёдро талаб мекунад. Боз ҳоло дар маркази ноҳия молу гови сарҳуй ҳам зиёд шудааст...


Раиси ноҳияи Восеъ, Султон Валиев мегӯяд, сокинон дар бисёр ҳолат 3-4 сагро дар хонаи худ нигаҳ медоранд, вале замоне, ки ҷонвар бемор ё барояшон нодаркор мешавад, онро ба кӯча сар медиҳанд.

Ҷаноби Валиев меафзояд, борҳо чунин ҳолат
ошкор шуда, даҳҳо нафар ҳушдор гирифтаанд, ки дар сурати такрор шудани ҳол сокинон
ҷарима ҷарима хоҳанд шуд: «Ҳамин қадар, ки барои кам шуданашон мубориза мебарем, лек
Султон Валиев, раиси ноҳияи Восеъ

боз зиёданд. Саҳар мебароӣ, дар таги светофор дутоӣ истодаанд. Мо номерҳои мошину тангемҳое, ки ин сагҳоро оварда мепартоянд, сабт карда пайдо кардем ва сагҳояшонро дубора додем, ки аз маркази ноҳия баранд. Мубориза зидди сагҳо мубориза якрӯза нест. Ин вақти зиёдро талаб мекунад. Боз ҳоло дар маркази ноҳия молу гови сарҳуй ҳам зиёд шудааст.»

Сарухтури маркази вогиршиносии ноҳияи Восеъ, Марҷонбек Носиров мегӯяд, дар паи як амалиёт наздики 300 саги бесоҳибро куштаанд, вале ҳамоно теъдоди онҳо коҳиш наёфтааст. Баръакс, ба гуфтаи ӯ, сафи осебдидагони ҳамлаи сагони велгард бештар мешавад. Ба гуфтаи Носиров, ҳар нафареро, ки саг мегазад, онҳо маҷбуранд, ба хотири эҳтиёт, ба ӯ доруҳои зидди бемории ҳорӣ гузаронанд ва ин ҳам ҳолест, ки нархи чунин дору хеле баланд аст.

Ҷаноби Носиров мегӯяд: «Шукри Худо, ҳанӯз ягон бемории ҳорӣ ба қайд нагирифтем. Аммо гуфта намешавад, агар ваксина нагузаронӣ ва саг чунин касал дошта бошад, одам метавонад, ҳалок гардад. Эми зидди бемории ҳорӣ хеле кампайдост ва худи сокинон онро бо нархи баланд харидорӣ мекунанд.»

Аммо аксари сокинони ноҳияи Восеъ мегӯянд, онҳо ҳеҷ гоҳ дар хонаҳои худ саги зиёд парвариш намекунанд. Сангимоҳ, як сокини ноҳия гуфт, дар ҳоле, ки худи онҳо нони

хӯрданро ба мушкил пайдо мекунанд, ҳеҷ гоҳ имкони парвариши ду-се саг дар хонаро надоранд. Ба гуфтаи ӯ, сагони бесоҳибе, ки дар маркази шаҳр ба мушоҳида мерасанд, аслан аз дигар навоҳӣ оварда мешаванд.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд: «Ноҳияи Восеъ дар сари чорроҳа ҳаст. Одамон аз ноҳияи Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Фархору Данғара вақте, ки мегузаранд, сагҳои нодаркорашонро дар ин ҷо партофта мераванд. Аз ҳамин ҳисоб ин ҷо саг бештар шудааст.»

Бархе аз сокинон низ иқрор мекунанд, ки ба иллати душвориҳои иҷтимоӣ дигар наметавонанд, сагҳои худро нигаҳбонӣ кунанд ва аз ин рӯ маҷбуранд, онҳоро ба дигар деҳа ё шаҳр бурда раҳо кунанд.

Ду соли охир дар тамоми шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб масъулон аз афзоиши сагҳои бесоҳиб изҳори нигаронӣ мекунанд. Ҳарчанд дар ин муддат идораи коммуналии шаҳру навоҳӣ ё худ КЖКП амалиёти қатли сагҳои бесоҳибро ҳам роҳандозӣ намуд, шумораи сагон дар кӯчаву хиёбонҳо коҳиш наёфтааст.

Танҳо дар шаҳри Кӯлоб дар якуним соли охир беш аз 1000 саги велгард аз ҷониби масъулон кушта шудааст. Дар тамоми минтақа бошад, 895 нафар аз ҳамлаи сагони бесоҳиб осеб дидаанд.
Дар канори партовгоҳи шаҳри Кӯлоб барои гӯр кардани чунин сагҳо ҷои махсусе вуҷуд дорад. Масъулон мегӯянд, ба ҷуз куштани ин сагҳо дигар роҳе вуҷуд надорад. Зеро ин сагҳо аз зоти нохуб буда, ҳатто ба соҳибони худ даркор нестанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинон мегӯянд, солҳои охир шумораи сагони асили зоти миллӣ ва чупонӣ хеле кам шудааст.