Имрӯз вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ваъда дод, ки Амрико аз талошҳои Ҳинд дар амри мубориза бо терроризм ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад. Дар ин замина Клинтон дар мулоқот бо ҳамтои ҳиндаш оқои Кришна дар Деҳлӣ ҳамагӣ як ҳафта баъд аз таркиши сегонаи бомба дар Мумбай, ки 19 кушта бар ҷой гузошт, ваъда супурд. Қарор аст, дар ин нишаст мавзӯъҳои марбут ба мубориза бо терроризм, нигарониҳои Ҳинд дар робита бо пуштибонии Покистон аз ҷангиён, нақшаҳои берунравии нирӯҳои Амрико аз Афғонистон ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ шаванд.