Мердок имрӯз дар парлумон бозпурсӣ хоҳад шуд

Руперт Мердок

Руперт Мердок, молики “News Corporation”, ва писари ӯ Ҷеймс имрӯз ба маҳзи ҷанҷоли гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ аз сӯи таблоиди ҳафтае пеш азбайнрафтаи "News of the World", ки низ ба Руперт Мердок тааллуқ дошт, дар парлумони Бритониё таҳти бозҷӯӣ қарор хоҳанд гирифт. Ин дар ҳолест, ки ин ҷанҷол алакай сари ду афсари аршади пулиси Бритониёро хӯрд. Ба дунболи раиси Скотланд-Ярд Пол Стивенсон, раҳбари бахши мубориза бо террори пулиси Лондон Ҷон Йейтс низ истеъфо дод. Йейтс ба он айбдор мешавад, ки ду сол пеш таҳқиқи қазияро ба поён норасонда, парвандаро баст. "News of the World" ба пинҳонӣ гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонии садҳо нафар айбдор мешавад.