Нирӯҳои Сипоҳ вориди Курдистони Ироқ шудаанд

Фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилобии Эрон ба хабаргузории расмии ИРНО гуфтааст, ки нирӯҳои Эрон се қароргоҳи чирикиҳои ПЕЖОК, як гурӯҳи ҷудоиталаберо, ки бо номи Ҳизби ҳаёти озоди Курдистон ҳам маъруф аст ва барои истиқлоли Курдистони Эрон меҷангад, «пурра» таҳти назорати худ даровардаанд. Сарҳанг Диловар Ранҷбарзода, фармондеҳи нирӯҳои Сипоҳ дар шаҳри марзии Сардашт гуфта, ки ҳарсеи ин пойгоҳҳо дар дохили Ироқ «таҳти назорати комили мо омаданд ва мо ин минтақаро дар назорати комил дорем.» Ин амалиёт алайҳи чирикиҳои курд ҳанӯз рӯзи шанбе шурӯъ шуда буд ва ба гуфтаи сарҳанг Ранҷбарзода, ҳанӯз идома дорад.
Чирикиҳо аммо иддао доранд, ки тайи ин чанд рӯзи набардҳо 53 сарбози эрониро кушта ва 43 тани дигарро захмӣ кардаанд ва талафоти худи онҳо фақат ду нафар аст.
Эрон Масъуди Боризонӣ, раҳбари Курдистони Ироқро айбдор мекунад, ки бидуни дар ҷараён гузоштани давлати марказии Ироқ ба чирикиҳои ПЕЖОК паноҳ додааст. Эрон дар ин авохир дар манотиқи марзии курднишин ҳудуди 5000 сарбозро мустақар кард.