Русия гуфт, ки аз вуқӯи як ҳамлаи террористӣ ҷилавгирӣ шуд

Мақомоти баландпояи амниятии Русия имрӯз гуфтанд, ки чаҳор мардро аз Қафқози Шимолӣ боздошт карданд, ки гӯё дар фикри анҷоми “як ҳамлаи пуршиддати террористӣ дар дохил ё наздикии Маскав” буданд. Александр Бортников, раиси хадамоти амнияти федеролии Русия дар сӯҳбат бо президент Дмитрий Медведев, ки тавассути телевизион пахш шуд, гуфт, ки чанд рӯз пеш аз вуқӯи як амали террористӣ ҷилавгирӣ карданд. Бортников гуфт, ки муттаҳамон мехостанд “маҳалҳои серодам ва нақлиётро” ҳадаф қарор диҳанд ва аз дасти онҳо бомбаҳои худсохт, силоҳ ва нақшаи иҷрои ҳамлаҳои эҳтимолӣ мусодира шудааст. Медведев дар сӯҳбат бо Бортников гуфт, ки FSB бояд бо раҳбарони мазҳабӣ дар маҳалҳое, ки эҳтимолан таҳти таъсиси ҷангиён мондаанд, аз наздик ҳамкорӣ кунанд.