Нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ имрӯз нахустин сафари расмии худро ба Чин бо ҳадафи ҷалби сармояҳои бештар ба иқтисодаш шурӯъ кард. Сухангӯи ҳукумати Моликӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки Ироқ аз Чин хост, ки барои барқарорсозии кишвари ғанӣ аз нафт як бунёди вижаро таъсис диҳад. Алӣ ад-Даббоғ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки Бағдод умедвор аст ширкатҳои чиноӣ ба иқтисоди ин кишвар, ки ҳафтумин таъминкунандаи азими Чин дар соли гузашта будааст, сармоягузорӣ хоҳанд кард. Имрӯз мулоқоти Моликӣ бо нахуствазири Чин Вен Ҷиабао баргузор шуд. Қарор аст, баъди дидору гуфтугӯ бо президент Ҳу Ҷинтао рӯзи сешанбе сафари нахуствазири Ироқ анҷом ёбад.