Муфаттишони рус гуфтанд, ки нисбати ду мақоми зиндонбон дар робита бо ҳалокати вакили дифоъ Сергей Магнитский парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Полис муовини раҳбари зиндони Бутирская дар Маскав ва ҳамчунин духтури зиндонро дар адами муолиҷаи вакили муборизи зидди ришват гунаҳгор мекунад ва мегӯяд, ки бо айби онҳо моҳи ноябри соли 2009 ин мард, ки аз дарди панкреатит азоб мекашид, даргузашт. Наздикон ва дӯстони Магнитский мегӯянд, ки ӯ боре ҳам дар давоми чор моҳи дар зиндон буданаш мукаммал аз муолиҷаи духтур нагузаштааст. Магнитский барои сармоягузори маъруфи бритониёӣ Уилям Браудер кор мекард, вале баъдан аз ҷониби мақомоти Русия ба рӯйхати афроди аз назари амниятӣ хатарнок шомил шуд.